Қабули шаҳрвандон

Ҷиҳати таъмини супоришу вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 дар хусуси қабули шаҳрвандон дар рўзҳои шанбе аз тарафи роҳбарияти мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ бармеояд ва инчунин бобати риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» аз ҷониби Раиси Шурои адлия санаи 4 июни соли 2016 (шанбе) 4 шаҳрвандон, ки ба таври хаттӣ ва шифоҳӣ муроҷиат карданд қабул гардида, арзу муроҷиатҳо шунида, барои ҳаллу фасли онҳо тадбирҳои дахлдор андешида шудаанд.

Семинар-тренинг дар мавзўи «Экспертизаи судӣ» ва «Иҷроиши санадҳои судӣ»

IMG_20160602_120536Тибқи нақшаи баргузории семинар-тренингҳо дар бинои Филиали Асотсиатсияи ҳуқуқшиносонӣ Амрико АБА-Роли, Барномаи волоияти қонун дар Тоҷикистон санаҳои 30-31 майи соли ҷорӣ  оид ба «Экспертизаи судӣ» ва  ва 02-03 июн оид ба «Иҷроиши санадҳои судӣ» семинар-тренинг баргузор гардид.

Дар семинар-тренингҳо намояндагони ҳокимияти судӣ, Шўрои адлия, Прокуратураи генералӣ ва Иттифоқи адвокатҳои ТоҷикистонIMG_20160602_161648 иштирок намуданд.

Ҳадаф аз баргузор намудани чунин семинар-тренинг ин тайёр намудани тренерон дар ин соҳа барои минбаъд ташкил намудани семинар-тренинг ҷиҳати ҳалу фасли проблемаҳои экспертизаи судӣ ва иҷроиши сандаҳои судӣ бо намояндагони мақомотҳои болозикргардида.

Нақшаи қабули ҳисоботҳои омории судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон

 НАҚШАИ

қабули ҳисоботҳои омории  судҳои шаҳру ноҳияҳои

вилояти Хатлон дар нимсолаи аввали  2016.

Р\Т        Судҳои  шаҳру ноҳияҳо     Рузи   қабул    Вақти   қабул
1.

2.

3.

4.

5.

6.

7.
н. Ҷайҳун

н. Н.Хусрав

н. Фархор

н.  Муминобод

н. Темурмалик

н. Ҷ.Балхӣ

н.  Ҳамадонӣ
14.06.2016-ум

 
Соати  8 00

9 00

10 00

11 00

13 00

14 00

15 00
1.

2.

3.

4.

5.

6.
н. Вахш

н. Дустӣ

н. Ш.Шоҳин

н.  Данғара

н.  Шаҳритуз

ш.  Кулоб
15.06.2016-ум Соати  8 00

9 00

10 00

11 00

13 00

14 00
1

2.

3.

4.

5.

6.
н.   Ёвон

ш. Сарбанд

ш.  Норак

н.  Қубодиён

н.  Хуросон

н. Ховалинг
16.06.2016-ум

 
 Соати  8 00

9 00

10 00

11 00

13 00

14 00
1.

2.

3.

4.

5.

6.
ш.  Қӯрғонтеппа

н.  Восеъ

н.  Балҷувон

н.   Бохтар

н.   Панҷ

н. А.Ҷомӣ
17.06.2016-ум

 
  Соати  8 00

9 00

10 00

11 00

13 00

14 00

 

 

 

Ҷадвали супоридани ҳисоботҳои оморӣ дар судҳои шаҳру ноҳияҳои ВМКБ

Ҷадвали супоридани ҳисоботҳои оморӣ дар судҳои шаҳру ноҳияҳои ВМКБ

Нимсолаи аввали соли 2016

номгуй Сана  
Суди ноҳияи Дарвоз

 

 

 

Суди ноҳияи Ванҷ
18.06.2016

Аз соати 8:00  то 12:00

 

 

Аз 14:00   то  17:00
 
Суди ноҳияи Рушон

 

 

Суди ноҳияи Шуғнон
19.06.2016

Аз соати 9:00  то  12:00

 

Аз 14:00  то 17:00
 
Суди ноҳияи Роштқалъа

 

 

Суди ноҳияи Ишкошим
20.06.2016

Аз соати 8:00  то 12:00

 

Аз 14:00  то  17:00
 
Суди ноҳияи Мурғоб

 

 

Суди шаҳри Хоруғ
21.06.2016

Аз соати 8:00   то  12:00

 

Аз 14:00  то  17:00
 

 

Нақшаи қабули маълумотҳои омории судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар Шўъбаи Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақшаи

 қабули маълумотҳои омории судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд

дар Шўъбаи Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 дар вилояти Суғд  барои давраи ҳисоботии нимсолаи аввали соли 2016.

 

Номгўи судҳо Рўзи

қабул
Вақти

қабул
Шахсони масъул

раиси суд (муовинони

раиси суд)
1 н.Бобоҷон Ғафуров 14.06.2016с 08:00  
2 ш.Истаравшан 14.06.2016с 09:30  
3 ш.Панҷакент 14.06.2016с 11:00  
4 н.Шаҳристон 14.06.2016с 13:00  
5 н.Кўҳистони Мастчоҳ 14.06.2016с 14:00  
6 н.Спитамен 14.06.2016с 15:00  
7 ш.Хуҷанд 15.06.2016с 08:00  
8 н.Айнӣ 15.06.2016с 10:00  
9 н.Мастчоҳ 15.06.2016с 11:00  
10 ш.Исфара 15.06.2016с 13:00  
11 ш.Конибодом 15.06.2016с 15:00  
12 н.Ашт 16.06.2016с 08:00  
13 ш.Гулистон 16.06.2016с 09:30  
14 ш.Бўстон 16.06.2016с 10:30  
15 н.Зафаробод 16.06.2016с 11:30  
16 ш.Истиқлол 16.06.2016с 14:00  
17 н.Деваштич 17.06.2016с 08:00  
18 н.Ҷаббор Расулов 17.06.2016с 10:00  

Номгўи маълумотҳои оморие, ки аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ дар давраи ҳисоботии нимсолаи якуми соли 2016 ба дастгоҳи Шўрои адлия пешниҳод менамоянд

  1. Маълумот дар бораи рафти иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 январи соли 2016 бармеоянд;
  2. Маълумот дар бораи рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои дастгоҳи Шўрои адлия оид ба омодагӣ барои таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти даалатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Раиси Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 июни соли 2014 тасдиқ карда шудааст;
  3. Ахбороти раиси суд ва ҳар як судя дар алоҳидагӣ тибқи шакли тасдиқгардида;
  4. Сарбории суд, дар давраи ҳисоботӣ тибқи чадвали пешниҳодшуда;
  5. Маълумот оид ба баррасии арзу шикоят ва муроҷиатҳои шаҳрвандон;
  6. Маълумот оид ба вокунишҳое, ки нисбат ба мақолаҳои танқидӣ дар Воситаҳои ахбори омма интишор гардидаанд;
  7. Миқдори ҳукмҳои сафед ва қисман сафеде, ки аз тарафи судҳои ҷумҳурӣ қабул карда шудааст. (бо нишон додани ному насаби судяҳо). Инчунин нусхаи ин ҳукмҳо пешниҳод карда шаванд.
  8. Маълумот дар бораи парвандаҳои ҷиноятие, ки марбут ба хариду фурўши одамон (моддаҳои 1301-167 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) баррасӣ гардидаанд. (ному насаби судшаванда, санаҳои воридшавӣ, баррасӣ, моддаи КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намуди чазои татбиқшуда);
  9. Маълумот дар бораи парвандаҳое, ки нисбати аъзоёни ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ баррасӣ шудаанд; (ному насаби судшаванда, аъзои кадом ҳизб, санаҳои воридшавӣ, баррасӣ, моддаи КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаи баррасӣ);
  10. Маълумот оид ба маблағҳои пулие, ки воқеан ба буҷети давлат аз рўи парвандаҳои баррасишуда (зарар аз рўи парвандаҳои ҷиноятӣ, ҷарима бо парвандаҳои ҷиноятӣ, боҷи давлатӣ аз рўи парвандаҳои гражданӣ ва оилавӣ, зарар аз рўи парвандаҳои гражданӣ, боҷи давлатӣ аз рўи парвандаҳои иқтисодӣ, зарар аз рўи парвандаҳои иқтисодӣ ва ҷаримаҳо бо парвандаҳои маъмурӣ) ворид шудаанд;
  11. Маълумот дар бораи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба расму оинҳо (моддаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ, санаҳои воридшавӣ ва баррасӣ намуди ҷазои таъиннамуда) бо пешниҳоди нусхаи қарорҳо;
  12. Маълумот оид ба вайрон намудани мўҳлати баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ (шумораи парванда, санаҳои воридшавӣ, баррасӣ ва ному насаби судя);
  13. Рўйхати парвандаҳои ҷиноятие, ки ба тафтишоти иловагӣ баргардонда шудаанд. (ному насаби судшаванда, санаҳои воридшавӣ ва баррасӣ, моддаи КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва насаби судя);
  14. Рўйхати парвандаҳои ҷиноятие, ки баррасии онҳо дар истеҳсолот қатъ карда шудаанд. (ному насаби айбдоршаванда, санаҳои воридшавӣ, баррасӣ, моддаи КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ному насаби судя);
  15. Нусхаи ҷамъбастиҳо ва пешниҳодҳои амалияи судӣ, ки оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ ва маъмурӣ аз тарафи судҳо бароварда шудаанд;
  16. Рўйхати парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ ва маъмурие, ки то рўзи ҳисобот баррасӣ карда нашудаанд;
  17. Маълумот дар бораи парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ (вазифа, ному насаби судшаванда, санаҳои воридшавӣ, баррасӣ, моддаи КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намуди татбиқи ҷазо);
  18. Маълумот дар бораи баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаи 1431 (шиканҷа) КҶ Ҷумҳурии Тоҷкистон (вазифа, ному насаби судшаванда, санаҳои воридшавӣ, баррасӣ, моддаи КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намуди татбиқи ҷазо);
  19. Маълумот дар бораи баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаҳои 156, 210, 241, 259, 274, 275, 276, 281, 294, 298, 299, 300, 301, 304 ва 3401» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаҳои 375, 376. 377, 378, 379,380 ва 381 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон (моликияти зеҳнӣ), (вазифа, ному насаби судшаванда, ҳуқуқвайронкунанда санаҳои воридшавӣ, натиҷаи баррасӣ, модда ва намуди ҷазои таъиншуда);
  20. Маъдумотнома оиди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 29 октябри соли 2014 таҳти №1130 зимни баррасӣ парвандаҳои ҷиноятӣ ва пешниҳодҳо (ному насаби судшаванда, санаҳои воридшавӣ, баррасӣ, моддаи КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи баррасӣ, ному насаби судя);
  21. Маълумот дар бораи парвандаҳои ҷиноятие, ки бо баровардани ҳукми айбдорӣ баррасӣ гардидаанд. (ному насаби судшаванда, санаҳои воридшавӣ, баррасӣ, моддаи КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намуди ҷазои татбиқшуда бо нишон додани дастрасии моддаҳои 63, 71 ва 78 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон);
  22. Маълумот дар бораи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 499 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон (риоя накардани қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин бо таври транзитӣ убур кардан аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон), (вазифа, ному насаби ҳуқуқвайронкунанда санаҳои воридшавӣ, натиҷаи баррасӣ, модда ва намуди ҷазои таъиншуда);
  23. Маълумот дар бораи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурие, ки бо дастрасии қисми 5 моддаи 48 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ баррасӣ гардидаанд. (ному насаби ҳуқуқвайроикунанда, санаҳои воридшавӣ, баррасӣ, моддаи КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намуди ҷазои татбиқшуда бо нишон доданн дастрасии моддаи 48 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон);
  24. Маълумот дар бораи баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаи 4011 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухурди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо) (ному насаби судшаванда, санаҳои воридшавӣ, баррасӣ, моддаи КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаи баррасӣ);
  25. Маълумотнома оиди корбарӣ ва фаъол будани сомонаҳои суд.

ЭЗОҲ: 1. Ҳангоми супоридани ҳисоботҳои оморӣ варақаҳои баҳисобгирӣ, варақаҳои оморӣ нисбати судшавандагон, нарядҳои таъинотҳои хусусӣ, ҷамъбасти амалияи судӣ ва китоби воридот пешниҳод карда мешаванд.

  1. Раисони судҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, суди шаҳри Душанбе ҳангоми супоридани ҳисоботҳои оморӣ нарядҳои нусхаҳои қарорҳои Раёсат ва қарорҳоро оид ба бекор кардани ҳукму халномаҳо пешниҳод намоянд.
  2. Ҳисобот дар бораи гирифтани кўмаки молиявӣ аз тарафи ҳукуматҳои маҳаллӣ ва аз тарафи ташкилотҳо (аз ҷумла ташкилотҳои байналхалқӣ)ва чи гуна истифода бурдани он.
  3. Маълумот дар бораи коркарди парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва супоридани онҳо ба бойгонии суд ва бойгонии марказӣ.